ДИИШ марги Абубакри Бағдодиро тайид кард
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19886-ДИИШ_марги_Абубакри_Бағдодиро_тайид_кард
Як пойгоҳи хабарии арабӣ навишт, ДИИШ марги Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳи террористиро тайид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2017 09:44 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ марги Абубакри Бағдодиро тайид кард

Як пойгоҳи хабарии арабӣ навишт, ДИИШ марги Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ин гурӯҳи террористиро тайид кард.

Ба нақл аз Исно, пойгоҳи хабарии Алнашра эълом кард, ДИИШ дар баёниае хабар додааст, ки ба зудӣ ҷонишин Бағдодиро муаррифӣ мекунад.

ДИИШ ҳамчунин дар ин баёнияи кӯтоҳ аз аъзои ин гурӯҳ хоста, дар пойгоҳҳои худ бимонанд ва ба муқовимат идома диҳанд.  

Ин хабарро ибтидо яке аз масъулони устони Найнавои Ироқ эълом кардааст.

Ин масъул, ки номаш фош нашуда гуфтааст, ки ДИИШ аз тариқи расонаҳои иртиботии худ баёнияи расмии марги Бағдодиро барои фармондеҳони ин гурӯҳ дар Талафар фиристода ва аз онҳо хоста, баъд аз шикаст дар Мусил ба муқовимат идома диҳанд.