Июл 11, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Муҳлати серӯзаи Қатар ба Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср

Қатар ба Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср се рӯз муҳлат додааст, ба муҳосираи ин кишвар поён диҳанд, дар ғайри ин сурат ба таври расмӣ аз Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс хориҷ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар бо фиристодани паёме ба дабири кулли Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс шароити кишварашро барои мондан дар ин шӯро, ки Қатар яке аз шаш узви он аст, эълом кардааст. Вазири умури хориҷии Қатар дар номааш гуфтааст: «Кишвараш ба қавонину санадҳои байналмилалӣ ва дар садри онҳо мубориза бо терроризм ва таъмини молии он пойбанд аст ва он чӣ, ки таҳримкунандагони Қатар мехоҳанд, бар хилофи қавонини байналмилалӣ ва мудохила дар умури дохилии ин кишвар аст, ки мо бо музокира дар бораи онҳо мухолифем». Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ тасреҳ кардааст: «Пас аз муҳосираи шадиди Қатар мо дар бораи ҳокимияти худ музокира нахоҳем кард ва бо ҳар гуна султа болои кишвари Қатар ва миллати он комилан мухолифем».

Вазири умури хориҷии Қатар ба кишварҳои арабии таҳримкунандаи ин кишвар паём додааст, ки дар муддати се рӯз даст аз муҳосираи Қатар бардоранд ва хисороти сиёсию иқтисодии воридшуда ба ин кишварро бипардозанд, дар ғайри ин сурат Қатар расман хурӯҷи худро аз Шӯрои ҳамкорӣ ба ин кишварҳо эълом хоҳад кард ва ба тасмимоти собиқу ояндаи он низ пойбанд нахоҳад буд.

 

Барчасп