Июл 12, 2017 11:39 Asia/Dushanbe
  • Шутур қурбонии буҳрони Қатар ва ҳамсоягонаш

Ҳазорон сар шутури қатарии ихроҷшуда аз Арабистон бар асари ташнагӣ дар байни роҳ талаф шудаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-Олам”, рӯзномаи “Индепендент” навишт, ҳазорон шутури қатарӣ ба хотири дархости Оли Сауд барои интиқоли онон ба хоки Қатар, аз ташнагӣ дар роҳ мурдаанд.

Аксари кишоварзони қатарӣ қабл аз шурӯи буҳрон чаҳорпоёни худро дар Арабистони Саудӣ нигаҳдорӣ мекарданд.

Пойгоҳи интернетии “Спутник”-и арабӣ ҳам навишт, дар рӯзҳои ахир 12 то 25 ҳазор шутури бозгардонидашуда ба Қатар талаф шудаанд.

Ҳусайн ал-Мурри, соҳиби як галаи шутур дар Қатар гуфтааст, дар масири бозгашт аз Арабистон дидам, ки бештар аз садҳо шутур талаф ва садҳо гӯсфанди мурда дар ҷодда раҳо шудаанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти қатарӣ бо кӯмаки кишоварзон 8 ҳазор макони муҷаҳҳаз ба об ва ғизо дар наздики марз барои нигаҳдории шутурҳои боқимонда ташкил кардаанд.

 

Барчасп