Бадтарин фоҷеаи инсонӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум
Ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи вижаи кишвари Яман дар Созмони милал гуфт, эътилофи Саудӣ боиси фоҷеаи инсонӣ дар Яман шудааст, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум бадтарин фоҷеа дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҷейми Макголдрик, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони милал дар Яман низ гуфт, вабо дар ҳоле дар Яман рӯ ба густариш аст, ки кишварҳои ҷаҳони аввал ҳамвора дар муқобилаи ҷиноятҳои эътилофи Саудии мутаҷовиз сукут ихтиёр кардаанд.
Ҷейми Макголдрик таъкид кард, эътилофи Саудӣ фоҷеаи инсониеро боис шудааст, ки пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум бадтарин фоҷеа ба шумор меравад.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳам эълом кард, то кунун ҳаддиақал беш аз 300 ҳазор шаҳрванди яманӣ ба бемории вабо мубтало шудаанд ва ин беморӣ то кунун ҷони дастикам ҳазору 713 нафарро аз охирҳои апрел то кунун дар ин кишвар гирифтааст.
Роберт Мордини, мудири минтақаии Ховари миёна дар Салиби Сурх гуфтааст, рӯзона ҳаддиақал ҳафт ҳазор нафар дар Яман ба бемории вабо мубтало мешаванд ва ин беморӣ дар кишваре, ки мардуми он дар маърази гуруснагиву қаҳтӣ ва мушкилоти беҳдоштӣ ва иқтисодӣ қарор доранд, ба таври густурда паҳн шудааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки низоми беҳдоштӣ дар Яман рӯ ба фурӯпошӣ аст ва танҳо 45 дарсади марокиз ва кадрҳои тиббӣ дар Яман дар ҳоли хидматрасонӣ ба мардум ҳастанд.
Пас аз ду солу чаҳор моҳ аз бомбаборонҳои кӯр ва беҳадафи манотиқи маскунӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои кишвари Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар аз сӯйи режими Оли Сауд, бемории вабо низ дар Яман густариш ёфта ва ба унвони бузургтарин дастоварди режими Саудӣ дар таҷовуз ба хоки фақиртарин кишвари арабӣ бар мардуми Яман таҳмил шудааст.