Июл 20, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ҷанҷол дар Арабистон дар пайи интишори видеое аз рафтори шоҳзодаи Саудӣ

Интишори видеое аз рафтори ғайри инсонии як шоҳзодаа арабистонӣ бо шаҳрвандон, боиси хашм ва интиқоди шадиде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вижа Твиттер шуд ва подшоҳи Арабистонро маҷбӯр кард, дастури боздошти вайро содир кунад.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, дар ин видео, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, шоҳзодаи Саудӣ теъдоде аз шаҳрвандони арабистонӣ, аз ҷумла занонро лату куб мекунад ва ононро каниз меномад ва корбарони Твиттер, ин мавзӯъро ба хабари аввали Арабистон табдил кардаанд.

Фишори афкори умумӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боис шуд, Салмон бин Абдулазиз- подшоҳи Арабистон субҳи имрӯз (панҷшанбе) дастури боздошти бин Абдулазиз бин Мусоид Ол Сауд, шоҳзодаи Саудӣ ва ҳамдастони вайро содир кунад.

Подшоҳи режими Арабистон, ки ба иллати ҷанги қудрат байни шоҳзодаҳо, саркӯби мухолифони дохилӣ ва дахолат дар умури дохилии соири кишварҳо ба вижа таҷовуз ба Яман, таҳти фишори шадиди афкори умумии дохилӣ ва хориҷӣ аст, барои ором кардани фазои пуртаниши Арабистон дастури боздошти ин шоҳзодаи Саудиро содир кард.

 

Барчасп