Июл 23, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Шарти Иморот барои музокира бо Қатар

Вазири мушовир дар умури хориҷаи Имороти муттаҳидаи арабӣ, шарти музокира бо Қатарро эълом кард.

Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз хабаргузории Ройтерз, Анвар Қарқош гуфт, дар хосте, ки Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, амири Қатар, барои анҷоми музокирот матраҳ карда мавриди истиқбол аст, аммо ин дархост танҳо дар сурате қобили таҳаққуқ хоҳад буд, ки Доҳа тағйироте дар сиёсатҳои худ ба вуҷуд оварад.

Вай афзуд: «эй кош суханрони амири Қатар ҳомили тарҳи бознигарӣ дар мавозеъ ва даъват барои тамос буд. Мавозеъи онҳо шинохта шудааст ва такрори он, танҳо буҳронро бештар мекунад. Мо низ мӯътақидем музокира зарурӣ ва хуб аст, аммо сутуни он, бозгашт аст.»

Ин мақоми иморотӣ ба ҷузъиёти тағйирҳои маддиназари Абу Забӣ ишора накард, аммо кишварҳои таҳримкунандаи Қатар пеш аз ин 13 дархост аз Доҳа доштаанд, ки бастна шудани шабакаи Алҷазира, таътил кардани пойгоҳи низомии Туркия, маҳдуд кардани равобит бо Эрон ва ҳимоят накардан аз Ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос), аз он ҷумла аст.

Тамим бин Ҳамад бин Халифа Ол Сонӣ, амири Қатар ҷумъаи гузашта дарӯ аввалин суханронии худ баъд аз таҳрими ин кишвар аз сӯи кишварҳои арабӣ, таъкид кард, Доҳа ҳаргиз сиёсатҳои худро тағйир нахоҳад дод.

Шайх Тамим дар айни ҳол гуфт, замони он фирорсидааст, ки ихтилофоти байни давлатҳо бо гуфтугӯ ҳал шавад.

 

Барчасп