Июл 26, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Алазҳар ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ

Ҳайъати уламои аршади Алазҳари Миср, иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Қудс ва Масҷидулақсоро хилофи мавозини инсонӣ донист.

Ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, ин ҳайъат дар нишасти изтирории худ дар рӯзи сешанбе эълом кард, ки тамомии иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Қудсу Масҷидулақсо шаръан ва қонунан бо таваҷҷуҳ ба тамомии усул ва мавозини инсонӣ ботил ва мардуд аст .

Ҳайъати уламои аршади Алазҳар ҳамчунин аз тасмими худ барои баргузории иҷлоси байналмилалӣ дар бораи Қудс дар авохири моҳи сентябри 2017 хабар дод .

Ин ҳайъат дар бораи сукут дар баробари иқдомоти таҷовузкорона ва нажодпарастонаи душмани саҳюнистӣ дар Қудс, ки сулҳу амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад, ҳушдор дод .

Низомиёни режими саҳюнистӣ аз 14 июли 2017 ба дастури Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим, саркуби фаластиниёнро бавижа дар Қудс ва Масҷидулақсо шиддат додаанд, ки таи он ҳашт фаластинӣ шаҳид ва садҳо нафар захмӣ шудаанд .

 

Барчасп