Июл 31, 2017 20:54 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Қатар бо пешниҳоди чаҳор кишвари арабӣ барои гуфтугӯи машрут

Вазири умури хориҷаи Қатар пешниҳоди гуфтугӯи машрути чаҳор кишвари арабии таҳримкунандаи Давҳаро рад кард ва феҳристи хостаҳои ин чаҳор кишварро нақзи қавонини байналмилалӣ донист.

Муҳаммад ибни Абдурраҳмони Оли Сонӣ гуфт: Таҳрими Қатар, нақзи қавонини байналмилалӣ аст, аммо кишварҳои муҳосиракунанда аз рӯи лаҷоҷат ҳозир нестанд, ба ин мавзуъ эътироф кунанд .

Вай афзуд: Қатар ҳеч иқдоме барои сиёсӣ кардани ҳаҷ анҷом надода, аммо муттаассифона Арабистон масъалаи ҳаҷро сиёсӣ кардааст .

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон дар бораи нишасти ахири чаҳор кишвари таҳримкунандаи Қатар дар Манома, пойтахти Баҳрайн низ гуфт: Нишасти Манома пур аз дугонагӣ ва суханони вазирони хориҷаи чаҳор кишвари арабӣ мубҳам буд, ки ин нишон медиҳад, ҳаракат дар як масири мушаххас вуҷуд надорад .

Вазирони хориҷаи чаҳор кишвари Арабистон, Иморот, Миср ва Баҳрайн рӯзи якшанбе дар Манома, нишасте баргузор ва дар поёни он таъкид карданд, аз мавозеи худ дар қиболи Қатар кӯтоҳ намеоянд .

Ин кишварҳо таъкид карданд, омодаанд фақат дар бораи наҳваи иҷрои дархостҳои худ бо Қатар музокира кунанд .

 

Барчасп