Август 02, 2017 11:00 Asia/Dushanbe
  • Террори мардуми Яман бо густариши вируси вабо

Арабистон ва Амрико дар ҷанги биологӣ зидди мардуми Яман аз вируси “вабо” барои куштори мардуми ин кишвар истифода мекунанд.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, бемории “вабо” акнун дар Яман ба шакли густурдае ривоҷ ёфтааст ва беш аз 400 ҳазор нафар бар асари олуда шудан ба бактерияи ин беморӣ, ки аз тариқи об вориди бадан мешавад, ҷонашонро аз даст додаанд.

 Бар асоси ин гузориш, дар Яман манбаъҳои об ва шабакаи обу корез (фозилоб) бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Арабистон нобуд шудааст ва олуда шудани манбаъҳои оби ошомиданӣ ба бактерияи хатарноки бемории вабо ба абзоре дар дасти Амрико ва Арабистон барои “террори мардуми Яман” табдил шудааст.

 Ин дар ҳолест, ки ҷамъияти 25 миллионии кишвари фақири Яман барои пешгирӣ аз гирифторӣ  ба бемории вабо ҳеҷ имконоте надоранд.

 Созмони Миллали Муттаҳид эълом кардааст, густурдагии ривоҷи бемории вабо дар Яман дар як соли охир ба ҳадде буда, ки дар ҳеҷ кишвари дигаре дар дунё собиқа надоштааст.

 

Барчасп