Террори биологии яманиҳо - авҷи ваҳшигарии Амрико ва Арабистон дар Яман
Ҳар рӯз ва ҳар моҳ, ки аз ҷангафрӯзии Арабистони Саудӣ дар Яман мегузарад, густараи ҷиноят ва наслкушӣ дар ин кишвар беш аз пеш намоён мешавад ва акнун пас аз истифода аз анвои силоҳҳои мамнуъа, навбат ба «террори биологии» мардуми Яман расидааст.
Беш аз дувуним сол ҷангафрӯзии мутаҷовизони саудӣ дар Яман ва кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ ва акнун паҳншавии вируси бемории кушандаи «вабо» дар ин кишвар, Яманро дар масири фурӯпошӣ ва ба иборате нобудӣ қарор додааст.
Арабистони Саудӣ аз марти 2015 амалиёти «Туфони қотеъият»-ро дар Яман шурӯъ кард ва танҳо бароянди ин ҷангафрӯзӣ, «забҳи ҳуқуқи башар» дар сояи ҳимоятҳои муддаиёни ҳуқуқи башар аз режими муртаҷеи Саудӣ будааст. Имрӯз илова бар рехтани бомбаҳои мамнуъа бар сари мардуми Яман, овора шудани онон, гуруснагии мардуми Яман ба сабаб муҳосираи ҳамаҷониба, маҳрум шудан аз муроқибатҳои пизишкӣ дар натиҷаи тахриби марокизи беҳдоштӣ-дармонӣ, «террори биологии мардум Яман», ба унвони абзоре ҳадафманд дар хидмати манофеи муштараки саудиҳо ва амрикоииҳо ба кор гирифта шудааст.
Дар ҳамин замина, пойгоҳи хабарии Transcend media service рӯзи сешанбе дар гузорише такондиҳанда аз наслкшии ҳадафманди саудиҳо ва амрикоиҳо дар Яман навишт: Бемории «вабо» акнун дар Яман ба шакли густурдае паҳн шудааст ва манобеи об ва системаи фозилоб бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Арабистон нобуд шуда ва олуда шудани манобеи оби ошомиданӣ ба бактерияҳои хатарноки «вибрио холери» (vibrio cholerae) барои Амрико ва Арабистон ба абзоре барои «террори мардуми Яман» табдил шудааст.
Vibrio cholerae - бактерияи бавуҷудоварандаи вабо, ҳангоме бештарин осебро ба фард ворид мекунад, ки аз тариқи об вориди бадан шавад. Ин фароянд ҳамакнун дар Яман барномарезӣ шудааст ва яманиҳо ҳар рӯз дар натиҷаи ҷидол бо бемории «вабо», таслими ин вируси дар ҳоли густариши тавассути саудиҳо ва амрикоиҳо мешаванд.
Созмони милал гузориш додааст, бемории «вабо» дар Яман тайи як соли гузашта, густариши бесобиқае доштааст. Вазорати беҳдошти Яман ҳам эълом кардааст, ҳудуди ду ҳазор яманӣ бар асари бемории «вабо» ҷони худро аз даст доданд.
Пойгоҳи хабарии Transcend media service густариши ҳадафманди бактерияи «Vibrio cholerae» дар Яманро навъе «ҷанги биологӣ» номида, ки ҳамакунун дар сояи ҳимоятҳои Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷараён аст. Бо истинод ба Девони кайфарии байналмилалӣ, масодиқи ҷинояти ҷангӣ ва наслкушӣ мушаххас шуда ва бидуни шак, иқдомоти Арабистони Саудӣ ва Амрико дар Яман, мисдоқи айнии ҷинояти ҷангӣ ва куштори барномарезишудаи мардум аст. Амрико барои тазмини манофеи худ, маҳдудите қоил нест ва ҳатто ахлоқро ҳам риоят намекунад ва дар ҳамин чорчуб, Амрико ҳозир нашудааст узви Девони кайфарии байналмилалӣ бошад.
Истифода аз абзорҳои навин ва хомӯш барои наслкушӣ дар Яман, варшикастагии ҷанги Арабистон ва Амрикоро дар Яман нишон медиҳад, ки аз марти 2015 аз ҳар силоҳи мамнуъаи ҷангӣ истифода карданд, аммо натавонистанд бар иродаи мустақили мардуми Яман таъсир бигузоранд. «Ҷанги биологӣ», яъне куштори мустақими мардуми бегуноҳ ва ин ҷанг, дурӯғпардозӣ ва баҳонаҷӯиҳои мутаҷовизони саудиро намоён кардааст, ки ҳангоми шурӯи амалиёти “Тӯфони қотеъият” дар Яман, ҳадафи эъломи онро наҷоти яманиҳо эълом карданд. Имрӯз, аммо он чизе, ки ба таври воқеӣ амалӣ шуда, «террори ҳадафманди мардуми бегуноҳи Яман» дар сояи сукути маҷомеи байналмилалӣ аст.