Август 03, 2017 20:00 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи бесобиқаи Қатар барои додани иқомати доим ба хориҷиҳо

Шаҳрвандони хориҷии муқими Қатар дар сурати доштани шароите, ки давлати Доҳа таъйин кардааст, метавонанд санад ё муҷаввизи иқомати доим дарёфт кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Қатар (QNA), Доҳа рӯзи чаҳоршанбе тарҳи эътои иқомати доим ба шаҳрвандони хориҷии муқими Қатарро тасвиб кард, ки чунин тарҳе дар ҳавзаи кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс бесобиқа аст.

Тибқи тарҳи ҷадид, писарони занони қатарӣ, ки шавҳарони хориҷӣ доранд, метавонанд муҷаввизи иқомати доим дарёфт кунанд.

 Ҳамчунин касоне, ки хадамоти арзандае ба давлати Қатар карда бошанд ва афроди мутахассисе, ки давлат ба тахассуси онҳо ниёз дошта бошад, аз ҳаққи дарёфти муҷаввизи иқомати доим бархурдор хоҳанд шуд.

Дорандаи муҷаввизи иқомати доими Қатар ҳамчун дигар қатариҳо аз имконоти таҳсилӣ ва дармонии марказҳои давлатӣ, ҳаққи хариди замину хона ва пардохтан ба фаъолиятҳои тиҷории бидуни ниёз ба шарики қатарӣ бархурдор хоҳад шуд ва пас аз қатариҳои асил, дар аввлавият барои ба кор қабул шудан дар ниҳодҳои низомӣ ва ғайринизомӣ хоҳад буд.

Ҳарчанд ин тарҳ ба шаҳрвандони хориҷии муқими Қатар шаҳрвандии қатарӣ эъто намекунад, вале эътои ҳамин санад низ таҳаввуле бесобиқа дар минтақаи арабнишини ҳошияи халиҷи Форс маҳсуб мешавад. Зеро кишварҳои ин минтақа камандаркам пеш меояд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандӣ бидиҳанд.

 

Барчасп