Август 06, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Террори нофарҷоми валиаҳди Арабистон

Як расонаи араби забон аз террори нофарҷоми Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар Ҷадда хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Мирот –ул-Ҷазира”, манобеи наздик ба Девони валиаҳди Арабистон гуфтанд, Муҳаммад бин Салмон чанд рӯз қабл ҳангоми ҳузур дар яке аз кохҳои хонаводагӣ дар шаҳри Ҷадда, аз сӯиқасд тавассуте яке аз аъзои хонадони ҳоким ҷон бадар бурд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, як дипломати ғарбии муқими Риёз ҳам таъкид кард, валиаҳди Арабистон дар ин террор номувафақ ҳеҷ осибе надида ва шоҳзодае, ки ин террори нофарҷомро анҷом дод, боздошт шудааст.

Ҷоҳталабии Муҳаммад бин Салмон ва канор задани бисёре аз шоҳзодагони Саудӣ, нохурсандии зиёдеро миёни шоҳзодагони норозӣ эҷод кардааст.

Малик Салмон, шоҳи Арабистон чанде пеш дар фармоне Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳдро барканор ва писараш Муҳаммад бин Салмонро ба унвони валиаҳди ҷадид ва ҷонишини худ таъйин кард.

Расонаҳои Арабистон кӯшиданд, интиқоли қудрат дар ин кишварро фароянди ором ҷилва диҳанд, аммо маҳдудиятҳои эъмол шуда бар шоҳзода Муҳаммад бин Ноиф аз норизоятии бархе аз аъзои хонадони салтанатии ҳикоят дорад.

 

Барчасп