Август 12, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  • Нақзи ҳуқуқи башар дар Яман тавассути нерӯҳои таҳти амри Иморот

Созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодӣ «Сам», эълом кард, муздурони ямании таҳти амри Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҷануби Яман, шаҳрвандони ин кишварро дастгир ва зиндонӣ карданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Ал Араби-ул-Ҷадид”, Набил Ал Бизонӣ, раиси Созмони ҳуқуқи башари “Сам”, дар баёнияе бо ишора ба иқдоми мутаҷовизони иморотӣ ва шибҳи низомиёни мавсум ба “Шабвония” дар ҷануби Яман, бино бар рабудани шаҳрвандони ямании чанд қабила иборат аз зану мард ва кӯдак, эълом кард, ин иқдоми ҷинояткорон нақзи ошкори ҳуқуқи қонунии шаҳрвандони яманӣ ва қавонини миллӣ ва байналмилалӣ ба вижа ҳуқуқи занон ва кӯдакон аст.

Набил Ал Бизонӣ аз идомаи иқдомоти ғайриқонунии неруҳои таҳти амри Иморот алайҳи бархе аз аъзои баъзе қабилҳо ба вижа занону кӯдакон ибрози нигаронӣ кард.

Неруҳои мавсум ба “Шабвония” рӯзи панҷуми моҳи ҷорӣ (август) пас аз тавқифи Носир бин Нашр Ал Уълқӣ, аз аъзои қабила “ал Уълқӣ” ва шуморе аз аъзои хонаводааш дар 30 километрии Шабуа, ононро бо як адад болгарди низомӣ ба минтақаи “Билҳоф Зурон” мунтақил карданд.

Неруҳои “Шабвония” пас аз омӯзиши низомӣ тавассути иморотиҳо дар устони Ҳазрулмавт, ахиран дар устони Шабуа мустақар шуданд.

Режими Оли Сауд аз марти 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои араб, аз ҷумла Иморот ба Яман ҳамла кардааст. Ҳамалоти Арабистон ба Яман, ҳудуди 40 ҳазор кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст.

 

Барчасп