Август 12, 2017 17:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии артиши Яман ба мавозеи муздурони Арабистон

Манобеи яманӣ аз шиллик як адад мушаки “Зилзол 2” ба маркази таҷаммӯи муздурони Арабистон дар устон Ал- Ҷуф хабар доданд.

Ягони мушакии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҷумъашаб бо як адад мушаки “Зилзол 2”, марокизи таҷаммӯи муздурони Арабистон дар бахши “khabb wa ash sha'af “ дар устони Ал-Ҷуфро дарҳам кӯбиданд, ки дар пайи ин ҳамалот шуморе аз муздурон кушта ва ё захмӣ шуданд.

Як манбаи низомӣ низ гуфт, неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман як дастгоҳ худрави муздурони Арабистонро дар шимоли минтақаи марзии “Midi” дар устони Ҳаҷҷа мунҳадим карданд.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар ҳафтаҳои ахир, пойгоҳҳо ва мавозеи низомиёни саудиро дар манотиқи марзии Арабистон дар Ҷизон ва Наҷрон ҳадафи ҳамалоти тӯпхонаӣ ва мушакии сангини худ қарор доданд, ки дар пайи ин ҳамалот, шуморе аз низомиён саудӣ кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Арабистон аз марти 2015 токунун ҳамалоти худро ба Яман ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии ин кишвар ба қудрат оғоз кардааст. Ин ҳамлаи низомӣ илова бар вайронии зерсохтҳои Яман ба кушта ва захмӣ шудани ҳудуди 40 ҳазор яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп