Арабистон барои сеюмин сол яманиҳоро аз ҳаҷ маҳрум кард
(last modified Mon, 14 Aug 2017 16:08:07 GMT )
Август 14, 2017 21:08 Asia/Dushanbe
  • Арабистон барои сеюмин сол яманиҳоро аз ҳаҷ маҳрум кард

Вазорати авқоф ва иршоди Яман аз исрори низоми Саудӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди яманиҳо ба Байтуллоҳулҳаром барои сеюмин соли паёпай хабар дод.

Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, Абдуллоҳ Омир, муовини ҳаҷ ва умраи созмони авқоф ва иршоди Яман гуфт: Арабистони Саудӣ бо маҳрум кардани ҳуҷҷоҷи яманӣ аз баргузории маросими ҳаҷ дар масири хидмат ба душманони ислом ва мусулмонон ва сиёсӣ кардани фаризаи ҳаҷ қадам бармедорад .

Пештар вазорати авқофи Сурия низ Арабистонро ба сиёсӣ кардани масъалаи ҳаҷ муттаҳам ва эълом кард, имсол ба суриҳо низ иҷозаи анҷоми фаризаи ҳаҷ дода нашуд .

Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар ҳам масъулони Арабистониро ба сиёсӣ кардани масъалаи ҳаҷ дар паи буҳрони миёни кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс бо Давҳа муттаҳам кард .

Коршиносон муътақиданд: Ҳадафи Риёз аз ин тасмим, эъмоли фишор бар кишварҳоест, ки бо режими Оли Сауд ҳамроҳ нестанд .