Август 15, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Яман даргири густардатарин шуюи бемории вабои қарн

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳушдор дод, камбудҳо, норасоиҳои беҳдоштӣ ва дастрасӣ надоштан ба оби ошомидании солим, мардуми Яманро бо бемории фарогири вабо рӯ ба рӯ карда, ки шумори мубталоёни он аз марзи 500 ҳазор нафар гузаштааст.

Ба нақл аз Ирно, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ бори дигар дар бораи шуюи сареи бемории вабо дар Яман ҳушдор доду таъкид кард, бо афзоиши шумори мубталоён ба ин беморӣ, Яман бо бузургтарин фарогирии вабо дар қарни ҳозир рӯ ба рӯ шудааст .

Тибқи гузориши ин ниҳод, фақат аз авохири апрели 2017 токунун ду ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар ба далели афзоиши олудагиҳо, ҷамъ шудани зуболаҳо дар манотиқи мухталифи шаҳрҳо, камбуди таъсисоти беҳдоштӣ ва дастрасӣ надоштан ба оби ошомиданӣ, қурбонии ин беморӣ шудаанд ва шумори онҳо рӯзона афзоиш меёбад .

Мудири Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар гузориши худ навиштааст, дар ҳоле, ки бемории вабо дар саросари Яман ба суръат рӯ ба густариш аст, коркунони беҳдоштии ин кишвар дар шароите тақрибан ғайримумкин ба талоши худ барои муолиҷаи беморон идома медиҳанд .

Тедрус Гебрисус меафзояд: Созмони милал ҳамакнун ба бинои таъсисот барои муолиҷаи ин беморон машғул аст, аммо танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз густариши ғайри қобили контроли ин беморӣ ва бурузи фаҷоеи бештар дар ин кишвар бозгашти тарафҳои даргир ба пои мизи музокира ва ёфтани роҳҳалли сиёсӣ барои ин буҳрон хоҳад буд .

 

Барчасп