Мувофиқати Арабистон бо вуруди ҳоҷиёни қатарӣ ба Сарзамини ваҳй
Малик Салмон, шоҳи Арабистони Саудӣ иҷозаи вуруди ҳоҷиёни қатариро ба хоки он кишвар барои ширкат дар адои ҳаҷ содир кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе ба ҳоҷиёни Қатар иҷоза дод, ки аз тариқи гузаргоҳи заминӣ ва бидуни иҷозатномаҳои электронӣ барои анҷоми маносики ҳаҷ вориди хоки Арабистон шаванд.
Малик Салмон ҳамчунин дастури эъзоми чанд ҳавопаймо барои интиқоли ҳоҷиёни қатариро бо ҳазинаи худаш содир кардааст.
Ин тасмими подшоҳи Арабистон пас аз миёнҷигарии шайх Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Ҷосим-ус-Сонӣ, шоҳзодаи қатарӣ ва дидор бо Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон рӯйи даст гирифта шудааст.
Пеш аз ин Алӣ ибни Самих ал-Мари, раиси Кумитаи миллии ҳуқуқи башари Қатар дар СММ ҳазфи монеаҳои пешорӯйи ҳоҷиёни ин кишварро аз сӯйи Арабистон аз тариқи бозкушоии марзи заминӣ ва роҳандозии парвозҳои мустақим хостор шуда буд.
Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июн бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз терроризм, равобити худро бо Доҳа қатъ карданду ҳамзамон марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба рӯйи Қатар бастанд.