Август 22, 2017 20:29 Asia/Dushanbe
  • Поёни бенатиҷаи нишасти мухолифони сурӣ дар Риёз

Гурӯҳҳои мухолифи сурӣ, ки бо ҳадафи ташкили як ҷибҳаи муттаҳид барои ширкат дар музокироти баъдии сулҳи Сурия дар Риёзи Арабистон гирди ҳам омада буданд, ин нишастро бидуни натиҷаи мушаххас ба поён расонданд.

Ба нақл аз Исно, ҳайъати олии мухолифони сурӣ, ки мавриди ҳимояти Арабистон аст, нишасте чандсоата бо ҳайъатҳое аз гурӯҳҳои мухолифи сурии мавриди ҳимояти Қоҳира ва Маскав дар Риёз дошт, аммо натиҷае аз ин нишаст ҳосил нашуд .

Меҳвари аслии нишасти Риёз, расидани мухолифони сурӣ ба тавофуқе дар бораи барномаҳои сиёсӣ барои музокирот ва дар садри он сарнавишти Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия буд .

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия аз талошҳои муштараки Русияву Миср барои ташкили як ҳайъати якпорча аз мухолифони сурӣ дар музокироти оянда дар Женева хабар дод .

Пештар Стаффан де Мистура, намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия аз гурӯҳҳои мухолифи сурӣ хоста буд, барои таъини стратегияи мушаххас ва музокироти фаъолтар бо якдигар муттаҳид шаванд бавижа, ки дар давраи қаблии музокироти сулҳи Сурия натиҷае ҳосил нашуд.  

Ба гуфтаи Де Мистура, қарор аст, даври баъдии музокироти сулҳи Сурия мавсум ба Женеваи ҳашт дар моҳи сентябри 2017 дар ин шаҳр баргузор шавад .

 

Барчасп