Август 23, 2017 20:14 Asia/Dushanbe
  • Амири Қатар талаби шоҳи Арабистонро пардохт

Яке аз масъулони дарбори Саудӣ эълом кард, ки Арабистон талаби худро аз хонадони ҳоким бар Қатар дарёфт кардааст.

Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири дарбори Оли Сауд дар сафҳаи худ дар твиттер навишт: Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар ду рӯзи пеш ҳамаи қарзи хонадони Оли Сониро ба Арабистон пардохт кардааст .

Мушовири дарбори низоми Саудӣ эълом кард: Абуфаҳд (Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ), Тамим ибни Ҳамадро ба пардохти қарзҳои Оли Сонӣ водор кард.

Алқаҳтонӣ миқдори қарзҳои хонадони ҳокими Қатарро камтар аз ду миллион риёли Саудӣ (500 ҳазор доллар) эълом кард .

Арабистон ва се кишвари Баҳрайн, Миср ва Иморот, равобити худро бо Қатар қатъ ва Давҳаро таҳрим кардаанд .