Қатар: Арабистон узрхоҳӣ кунад то музокира кунем
Август 24, 2017 14:29 Asia/Dushanbe
Вазири дифои Қатар шарти музокираи Доҳа бо Арабистон ва ҳампаймононашро узрхоҳии ин чаҳор кишвар аз Қатар эълом кард.
Ба гузориши ИРНА, Холид ибни Муҳаммад ал-Атия бомдоди панҷшанбе гуфт, кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар пеш аз вуруд ба баҳси музокира бо Доҳа бояд аз Қатар узрхоҳӣ кунанд ва ба муҳосираи ин кишвар поён диҳанд.
Вай афзуд, Доҳа борҳо омодагии худро барои гуфтугӯ ба шарти эҳтиром ба ҳокимияти Қатар эълом кардааст.
Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн аз панҷуми июни соли 2017 равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ карданд ва марзҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худро ба рӯйи ин кишвар бастанд.
Ин кишварҳо эълом карданд, Қатар аз гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа ҳимоят мекунад.
Барчасп