Сентябр 03, 2017 18:33 Asia/Dushanbe
  • Густариши бемории вабо дар ҷануби Арабистон

Вазорати беҳдошти Арабистон аз панҷ мавриди ибтило ба вабо дар шаҳри марзии Ҷизон, наздики марзи Яман хабар дод.

Вазорати беҳдошти Арабистон бе он ки ба миллити мубталоён ба вабо дар шаҳри марзии Ҷизон, дар ҷануби ин кишвар ишорае кунад, эълом кард, иқдомоти лозим барои дармони беморон анҷом шудааст.

Бино ба эъломи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз замони густариши бемории вабо дар Яман (апрели гузашта) токунун, 2018 яманӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Манобеи маҳаллӣ ҳам ба хабаргузории “Сабо”-и Яман гуфтанд, ҷангандаҳои мутаҷовизони Саудӣ, дирӯз 14маротиба манотиқе дар устони Ҳиҷҷа (ғарби Яман)-ро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Вазорати дифои Амрико ҳам ҳалокати як низомии артиши ин кишварро дар ҳодисаи суқути болгард дар савоҳили Яман таъйид кард. Ин низомии амрикоӣ 25 август ба думболи суқути болгард дар як парвози омӯзишӣ нопадид шуда буд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико, аз марти 2015 ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишварро ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раис иҷумҳури мустаъфи Яман ба қудрат оғоз кард. Ин ҳамалот ба кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп