ДИИШ чӣ гуна аз “ҳафтоду ду миллат” нерӯ ҷазб кард?
Як навори видеоие, ки дар он теъдоде аз аносири террористии ДИИШ худро бидуни даргирӣ таслими нерӯҳои пешмаргаи курд дар шимоли Талъафар кардаанд, нишон медиҳад, ки ҷанг бо ДИИШ дар тӯли се соли гузашта ҷанг бо “ҳафтоду ду миллат” будааст.
Ба гузориши ИРНА, аносири таслимшудаи ДИИШ дар ҷанги Талъафар, ки барои вуруд ба марзҳои иқлими Курдистон пушти марзҳои иқлим саф бастаанд, ба тартиб худро тоҷикистонӣ, дигаре Озарбойҷонӣ, яке аҳли Туркия, дигаре аз Русия, чанд нафар ҳам худро аз Ироқ ва як-ду нафар низ аз Сурия ва яке ҳам худро аз Лубнон муаррифӣ мекунад. Коршиносон бо ибрози шигифтӣ аз танаввуи қавмияту миллатҳои даруни ДИИШ, ки ба гуфтаи Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, шаҳрвандони беш аз 120 кишвари ҷаҳонро шомил мешавад, мепурсанд, чӣ гуна як гурӯҳи террористии бисёр хашин зарфи се сол тавониста ин ҳама нерӯро аз ақсои нуқоти ҷаҳон ҷазб кунад? Оё ин гирдомадани террористҳо иттифоқе буда, ё ин ки давлату созмонҳои амниятии вижа дар паси он қарор доштаанд? Бар асоси ин гузориш, ҳамла накардани диишиҳо ба режими Исроил бо вуҷуди доштани пойгоҳ дар чандсадметрии марзҳои ин режим ва мухолифати амрикоиҳо бо таҷаммуи аносири ДИИШ дар як минтақа дар дохили Сурия аз ҷумлаи масоиле аст, ки дастҳои пушти пардаи ҳомиёни минтақаию байналмилалии терроризмро ошкор мекунад.
Гузоришҳо ҳокист, ки танаввӯи қавмиятӣ ва миллиятӣ дар дохили ДИИШ баъд аз ҷанги Мавсил ва шикастҳои пай дар пайи ин гурӯҳи террористӣ дар дохили Ироқу Сурия акнун табдил ба нуқтаи заъфу омили ихтилоф дар суфуфи террористҳо шудааст. Аносири бумии ДИИШ дар пӯшиши хонаводаҳои овора қодир ба фирор аз меҳварҳои амалиётӣ ҳастанд, аммо аносири хориҷӣ ночоранд, ё он қадар биҷанганд, то бимиранд ва ё бо зиллату хорӣ таслим шаванд. Агарчи ҷанги “ҳафтоду ду миллат”-и ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯ ба поён ниҳодааст, аммо ба эътиқоди коршиносон, парвандаи давлату созмонҳои амниятие, ки ин гурӯҳи террористии чандмиллатиро аз назари маънавӣ, молӣ, нерӯи инсонӣ ва таслиҳотӣ ҳимоят кардаанд, гушуда боқӣ хоҳад монд.