Вокуниши Башор Асад ба шикаста шудани муҳосираи Дайр-уз-зур
Раисҷумҳури Сурия ба дунболи шикаста шудани муҳосираи шаҳри Дайр-уз-зур аз талоши низомиёни сурии ҳозир дар шаҳру низомиёне, ки дар шикастани муҳосира мушорикат доштанд, қадрдонӣ кард.
Ба гузориши САНА, хабаргузории расмии Сурия, Башор Асад дар тамоси телефонӣ бо фармондеҳони Артиши Сурия дар минтақаи Дайр-уз-зур, ки дар муддати се соли муҳосира ба дасти ДИИШ бо ин гурӯҳи террористӣ мубориза карда буданд, аз исору фидокории чашмгирии ҳама низомиёни сурӣ барои поён додан ба муҳосираи Дайр-уз-зур қадрдонӣ кард.
Артиши Сурия рӯзи сешанбе муваффақ шуд, бо кумаки нерӯҳои муқовимати Ҳизбуллоҳ муҳосираи нерӯҳои худро дар Дайр-уз-зур дарҳам шиканад.
Раисҷумҳури Сурия фармондаҳону нерӯҳои муқовими Артиши Сурияро дар Дайр-уз-зур беҳтарин сармашқ барои наслҳои баъдӣ дониста гуфт, ин нерӯҳо амонатдор ва мудофеи шаҳрвандони бедифоъ буданд ва вазифаи худро ба беҳтарин сурат анҷом доданд.
Нерӯҳои Горди раёсатҷумҳурӣ ва Лашкари 17-и Артиши Сурия беш аз се сол дар муҳосираи гурӯҳҳои террористӣ буданд, аммо дар ин муддат аз дифоъ аз шаҳру мардуми он дар баробари террористҳо даст накашиданд. Нерӯҳои Артиши Сурия ва муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи сешанбе бо шикастани муҳосираи Дайр-уз-зур ба нерӯҳои Горди раёсатҷумҳурӣ ва Лашкари 17 пайвастанд.