Даъвати ҷунбиши мардумии Арабистон барои эътироз ба оли Сауд
Ҳомиёни ҷунбиши эътирозомез дар Арабистон дар пайи даъвати 15-уми сентябр, ин бор барои 23 – юми моҳи ҷорӣ, баробар бо рӯзи миллии ин кишвар фарохон доданд.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, ҳомиён ва фаъолони “Ҷунбиши 15-уми сентябр” дар қолаби ҷунбиши эътирозӣ ва мусолиматомез дар Арабистон, рӯзи 23-юми моҳи ҷории мелодиро замони ҷадиди эътирози ҷунбиш эълом кард.
Ҳомиён ва фаъолони ин ҷунбиш пештар муътаризони ин кишварро барои мушорикат дар тазоҳуроти ҷумъаи гузашта, дар чорчӯби иҷрои хостаҳои мардумӣ фаро хонда буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта манотиқи мухталифи Арабистон аз бими эътирози “Ҷунбиши 15-уми сентябр” таҳти тадобири шадиди амниятӣ буд, вале ҳомиёни ин ҷунбиш дар баёнияе эълом карданд, бо вуҷуди омодабоши амниятии бесобиқа дар манотиқи мухталифи ин кишвар, ба эътирозоти худ то ҳамроҳии ниҳодҳои амниятӣ идома хоҳанд дод.
Дар баёнияи ҳомиёни “Ҷунбиши 15-уми сентябр” омадааст, масъулони режими оли Сауд ба шеваҳои мухталиф ба мубориза бо мардуми Арабистон иқдом карданд, аммо ин иқдомот таъсире бар азму иродаи ин ҷунбиш дар масири иҷрои аҳдофи мардумӣ надорад.
Пештар Абдураҳмон Фаҳим, нависанда ва пажӯҳишгари сиёсӣ ҷунбиши эътирозии 15-уми сентябр дар Арабистонро омили қавӣ барои бурузи таҳаввулоти сиёсии бесобиқа дар ин кишвар пешбинӣ ва изҳор кард, мавҷи фарохони умумӣ дар ҳимоят аз эътирозоти дохилии ин кишвар ташдид шудааст.