Ниёзманд будани 10 миллион кӯдаки яманӣ ба кӯмакҳои инсонӣ
Дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милал (OCHA) эълом кард, ҳудуди 10 миллион кӯдаки яманӣ ба далели таҷовузи низомии саудиҳо ба Яман, ниёзманди кӯмакҳои инсонӣ ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, дафтари ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи Созмони Милал (OCHA) дар ҳисоби корбарии худ, дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер”-ии худ эълом кард, ҳамалоти низоми артиши Арабистон ба Яман ва даргирӣ дар ин кишвар ниёзҳои асосии шаҳрвандон ба вижа кӯдаконро ташдид кардааст.
Дар ин гузориш эълом кардааст, ки наздик ба 21 миллион яманӣ ниёзманди кумакҳои инсонӣ ҳастанд ва 10 миллион нафар низ барои наҷоти ҷони худ ба ин кумакҳо ниёзи мубрам доранд.
Бар асоси ин гузориш, кӯдакони яманӣ беш аз дигарон аз таҷовузи низомии муздурони Саудӣ ба Яман осеб дидаанд ва шумори зиёде аз онон дучори суитағзия ва мубтало ба бемории вабо шудаанд ва илова бар он токунун садҳо кӯдак бар асари ҳамалот, ҷони худро аз даст додаанд.
Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҳам пештар эълом карда буд, ки аз 27 апрели соли ҷорӣ (2017) токунун 150 ҳазор кӯдаки зери панҷсол дар Яман, ба бемории вабо мубтало шудаанд ва 380 ҳазор низ аз суитағзия ранҷ мебаранд.
Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 иқдом ба ҳамла ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба баҳонаи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст.