Сентябр 19, 2017 17:09 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати рӯзноманигори машҳури арабистонӣ бо ҳукумати Оли Сауд

Ҷамол Хашоҷҷӣ, рӯзноманигори машҳури арабистонӣ мухолифати худро бо ҳукумати ин кишвар аланӣ ва таъкид кард, дигар дар баробари боздоштҳои сиёсӣ дар Арабистон сукут нахоҳад кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи телевизионии Лубнон, “ал-Маёдин”, ин рӯзноманигор бо чопи мақолае дар рӯзномаи “Вашингтон пост” ва бо баёни ин ки пеш аз ин нигарони хонавода ва мавқеияти шуғлияш буд, афзуд, аз ин ба баъд ба касоне мепайвандад, ки аз тарси боздошт ба табъиди ихтиёрӣ рафтаанд ва садои худро дар баробари мавҷи боздоштҳо ва саркӯб дар Арабистон баланд хоҳад кард. Рӯзноманигори машҳури арабистонӣ бо баёни ин ки ғайр аз ин рафтор кардан хиёнат ба касоне аст, ки дар ин кишвар ба зиндон андохта шудаанд, аз ҳаросафканӣ ва боздошти нухбагону рӯҳониёни динӣ дар Арабистон интиқод карда, онро нишонаи ваъдаҳои пӯчи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ҷавони ин кишвар донист.

Мақомоти Саудӣ аз нуҳуми сентябри ҷорӣ ба боздошти густурдаи фаъолону нависандагон, фарҳехтагон ва шахсиятҳои саршиноси иқдом кардаанд. Дар ҳамин ҳол, мухолифони Саудӣ хоҳони хезиши ҷадид алайҳи мақомоти Арабистон дар рӯзи 23-юми сентябр шуданд, ки мусодиф бо Рӯзи миллии ин кишвар аст.

Ҷамол Хашоҷҷӣ пеш аз ин сардабири рӯзномаи “ал-Ватан”-и Арабистон, мушовири расонаии Туркӣ ал-Файсал ва сафирони Арабистон дар Англия ва Амрико будааст.

 

Барчасп