Сентябр 29, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Шуюи вабо дар Яман бадтарин навъи он дар торих будааст

Oxfam (бунёди байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ) шуюи бемории вабо дар Яманро бадтарини навъи он дар торих унвон кард.

Ин бунёд бо эъломи инки токунун 770 ҳазор яманӣ ба вабо мубтало шудаанд, ҳушдор дод, бо идомаи раванди кунунӣ теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Яман то моҳи ноябр ба як миллион нафар хоҳад расид.

Ин дар ҳолест, ки бино ба гузориши Сандуқи кӯдакони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ), беш аз ниме аз мубталоён ба ин беморӣ дар Яман кӯдак ҳастанд .

Бо идомаи ҳамалоти Арабистон ба Яман ва тахриби таъсисоти зербиноии ин кишвар ба вижа шабакаи обрасонӣ, бемории вабо ба суръат дар ҳоли шуюъ дар Яман аст .

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико аз марти 2015, иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат кардааст .

Ин таҷовузи низомӣ токунун ба кушта шудани беш аз 12 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .

 

Барчасп