Октябр 01, 2017 18:09 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии ҳавопаймои иктишофии Арабистон дар Яман

Падофанди ҳавоии Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман як ҳавопаймои иктишофии бидуни сарнишини Арабистонро бар фарози Санъо, пойтахти Яман сарнагун кард.

Ба гузориши бахши арабии хабаргузории “Спутник”, як манбаи низомии яманӣ гуфтааст, падофанди ҳавоии “Ансоруллоҳ”-и Яман субҳи якшанбе як ҳавопаймои иктишофоии Арабистонро дар шимоли Санъо дар замони парвоз дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Санъо ҳадаф қарор дод. Ин ҳавопаймои бесарнишин сохти Амрико ва аз навъи MQ-9 сарнишин буд.

Хабари дигаре ҳокист, фаъолони Арабистон дар “Твиттер” номи 57 афсару сарбози Саудиро мунташир карданд, ки моҳи гузашта дар даргириҳо бо Артиши Яман ва кумитаҳои мардумӣ дар марзҳои Яману Арабистон кушта шуданд. Аз сӯи дигар дар ҳамлаи нерӯҳои яманӣ ба мавозеи низомиён ва муздурони Саудӣ дар Наҷрон, ҷануби Арабистон шуморе кушта ё захмӣ шудаанд. Хабари дигаре аз Яман ин аст, ки ҷамъияти азиме аз яманиҳо дар солрӯзи воқеаи ошӯро, шаҳодати Имом Ҳусейн ва ёрони бовафояш дар Санъо, пойтахти Яман таҷаммӯи бузург барпо карданд.

 

Барчасп