Эътироз ба вазъияти мусулмонони Руҳингиё далели инфиҷор дар сафорати Миёнмор дар Миср
(last modified 2017-10-02T09:31:24+00:00 )
Октябр 02, 2017 14:31 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба вазъияти мусулмонони Руҳингиё далели инфиҷор дар сафорати Миёнмор дар Миср

Як гурӯҳи шибҳи низомӣ дар Миср эълом кард, ки масъулияти инфиҷор дар сафорати Миёнмор дар Қоҳираро бар ӯҳда гирифт.

  Ба гузориши хабаргузории “Райтерз”, Ҷунбиши тундрави “Hasm” (ҳаркату савоид Миср) дар Миср эълом кард, ки масъулияти инфиҷор дар сафорати Миёнмор дар Қоҳираро бар ӯҳда гирифтааст.

 Ҷунбиши “Hasm” дар баёнияе эълом кардааст, ин инфиҷор паёми ҳушдоромез ба сафорати Миёнмор аст, ки неруҳои ин кишвар занон ва кӯдакони мусулмони Рохинро мекушанд.

 Вазорати кишвари Миср ҳанӯз вокунише ба ин инфиҷор нишон надодааст.

Шаҳрвандони мисрӣ ва расонаҳои дохилӣ гумон мекарданд, ин ҳодиса ношӣ аз инфиҷори хутути интиқоли гази табиӣ дар атрофи Ал Замолик аст, ки сафорати Миёнмор дар онҷо қарор дорад.

Ин нахустин бор аст, ки “Hasm” масъулияти ҳамла ба як сафоратро бар ӯҳда гирифта ва ин ҷунбиш пештар ҳамла ба қозиҳо ва неруҳои пулисро дар атрофи Қоҳира бар ӯҳда гирифта буд.