Роҳандозии нахустин омӯзишгоҳи ронандагии бонувон дар Арабистон
Як донишгоҳ дар Арабистони саудӣ барои роҳандозии давраҳои омӯзиши ронандагӣ ба занони ин кишвар, эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Раша Тудей, камтар аз як ҳафта пас аз тасмими ҷанҷолии подшоҳи Арабистон дар хусуси судури иҷозатномаи ронандагӣ барои занон, донишгоҳи «Малика Нуро» дар Риёз,ки ҳама донишҷуёни он хонум ҳастанд, баёния содир кард.
Дар ин баёния омадааст: Донишгоҳи «Малика Нуро» барои роҳандозии як омӯзишгоҳи ронандагӣ барои занон эъломи омодагӣ мекунад.
Ин нахустин баёнияе аст, ки пас аз дастури Малик Салмон, подшоҳи Арабистон дар хусуси судури иҷозатномаи ронандагӣ барои занон, мунташир мешавад.
Малик Салмон эълом карда буд,ки занон аз июни соли оянда метавонанд барои дарёфти гувоҳиномаи ронандагии худ иқдом кунанд.
Як мақоми Арабистони саудӣ ҳам эълом кард,ки занони саудӣ пас аз иҷроӣ шудан ин қонун дигар ниёзе ба ҳамроҳ доштани як марди сарпараст дар дохили худрав нахоҳанд дошт.
Дар Арабистони саудӣ занон ба лиҳози қонунӣ бояд як марди сарпараст ҳамроҳ дошта бошанд ва барои тасмимгириҳои муҳим дар заминаҳои таҳсил, кор, издивоҷ, сафар ва ҳатто дармонҳои пизишкӣ аз ӯ иҷозат бигиранд.
Пеш аз ин Арабистони саудӣ танҳо кишвар дар ҷаҳон маҳсуб мешуд, ки занонро аз ронандагӣ кардан манъ карда буд.