Октябр 09, 2017 12:13 Asia/Dushanbe

Намояндагони парлумони Мағриб ба ҳузури ҳайати режими саҳюнистӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар парлумони ин кишвар, эътироз карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ҳузури ҳайати режими саҳюнистӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар парлумони Мағриб, мавҷе аз хашму нигаронии намояндагони парлумони ин кишварро барангехтааст ва намояндагон ихроҷи фаврии ин ҳайатро хостор шудаанд.

Аъзои парлумони Мағриб, ки тасовире аз парчами Фаластинро дар даст доштанд, Amir Peretz, вазири пешини ҷанги режими саҳюнистиро “ҷинояткори ҷангӣ” ва “кудаккуш” хонданд ва оддсозии равобити Мағриб бо ин режимро маҳкум карданд.

Ҳамчунин гурӯҳи мардумниҳоди мағрибӣ «иқдоми миллӣ барои Фаластин» бо ирсоли номае ба раиси Шӯрои мушовирони Мағриб, ихроҷи сареъи ҳайати режими саҳюнистиро аз кишварашон хостор шуданд.

Пеш аз ин низ дар 23 сентябр шаҳрвандони мағрибӣ бо баргузории тазоҳурот дар Работ- пойтахти ин кишвар, вазъи қонуни мамнуъият ва ҷурм шинохта шудани ҳаргуна оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро хостор шуданд.

 

Барчасп