Октябр 12, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Фирори рӯзноманигорон, рӯҳониён ва мунтақидони саудӣ аз Арабистон

Бо оғози мавҷи боздошти рӯзноманигорон, рӯҳониён, таҳлилгарони иқтисодӣ ва шоирон дар Арабистон аз моҳи сентябр то кунун, теъдоде аз онҳо муваффақ ба фирор аз кишвар шудаанд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи “Ал-Арабӣ ал-Ҷадид”, чопи Лондон, мақомоти саудӣ авоили сентябр даҳҳо нависанда, рӯзноманигор, рӯҳонӣ, таҳлилгари иқтисодӣ ва шоирро боздошт карданд.

Онҳо бар асоси иттиҳомоте, ки муҳимтарини он сукут ва мушорикат накардан дар ҳамлаи расонаӣ зидди Қатар ва талошҳо барои сокит кардани тарафдорони Муҳаммад бин Нойф, валиаҳди барканоршуда аст, боздошт шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки теъдоде аз рӯзноманигорон, нависандагон, хабарнигорон ва рӯҳониён, ки ниҳоди амниятии ин кишвар номи онҳоро дар феҳристи боздоштиҳо қарор дода буд, тавонистанд ба кишварҳои ҳамсояву Туркия, Англияву Амрико фирор кунанд.

Ҷамол Хошақчи, рӯзноманигори маъруфи саудӣ, ки акнун дар Амрико аст, бо оғози боздоштҳо бо интишори мақолае дар рӯзномаи “Вашингтон пост” гуфта буд, Арабистон дар замони валиаҳдии Муҳамад бин Салмон ғайриқобили таҳаммул шудааст.

 Вай танҳо шахсе нест, ки тавонист аз мавҷи боздоштҳо, ки онро бузургтарин мавҷи боздоштҳо дар таърихи муосири Саудӣ тавсиф кардааст, фирор кунад.

Доктор Кассоб ал-Утайби, мухолифи машҳур низ, ки аз тарси боздошт шудан ба Доҳа гурехта, яке аз афроди ҷараёни “Бедории исломӣ” ва дорои маҳбубияту нуфузи густарда дар даҳаи 80 ва 90 аст, ки дар пайи боздоштҳо дар соли 1994 зидди сарони ин ҷараён фирор кард.

Сарони ин ҷараён дар он замон ёддоштеро мавсум ба “ёддошти насиҳат” имзо карданду хостори ислоҳи қонуни асосӣ ва эҷоди тағйироти сиёсиву динӣ шуданд.

Аҳмад бин Рошид бин Саид, шахсияти донишгоҳӣ ва пажӯҳишгар низ, ки дар Истанбул зиндагӣ мекунад, пас аз ин ки номаш вориди феҳристи боздоштҳои ниҳоди амниятии вобаста ба Муҳаммад бин Салмон шуд, ба Туркия гурехт.

Пеш аз ин мақомоти Саудӣ бин Саидро борҳо дар пайи интиқод аз шабакаҳои “Ал-Арабия” ва “МБС”, ҳимоят аз муқовимати Фаластин ва мухолифат бо одисозии равобит бо Исроил боздошт карда буданд.

Ҳамчунин шайх Абдураҳмон Димишқӣ, рӯҳонӣ ва пажӯҳишгари лубнонӣ, ки ба Лондон фирор кард ва як имоми ҷамоат, ки ба Кувайт муҳоҷират кард, аз дигар касоне ҳастанд, ки бо оғози мавҷи боздоштҳо тарки ватан кардаанд.

 

Барчасп