Октябр 15, 2017 18:30 Asia/Dushanbe
  • Кашфи чанд анбори бузурги ҷангафзорҳои амрикоӣ ва исроилии ДИИШ дар Сурия

Чанд анбори бузурги таслеҳотии гурӯҳи террористии ДИИШ, сохти Амрико ва Исроил дар шаҳри озодшудаи Маёдин дар устони Дерулзур, дар шарқи Сурия кашф шуд.

Шабакаи русии Раша Тудей, рӯзи якшанбе дар гузорише аз шаҳри Маёдин, ки дирӯз ба таври комил аз ишғоли ДИИШ озод шуд, эълом кард: Чанд анбори бузурги таслеҳот ва таҷҳизоти ҷангии ДИИШ бо нишони амрикоӣ ва исроилӣ дар яке аз навоҳии Маёдин шиносоӣ шуд .

Полковник, Реми Маус, яке аз фармондеҳони артиши Сурия дар шаҳри Маёдин дар ин бора афзуд, ДИИШ дар Маёдин чанд анбор дошт, ки шомили ҳазорон қабза таслеҳот ва анвои муҳимоти амрикоӣ, исроилӣ ва бархе кишварҳои ғарбӣ буд, ки дар он анвои силоҳҳои сабуку сангин ва ҳатто нафарбарҳои зиреҳӣ нигаҳдорӣ мешуд .

Дар ҳамин росто, Игор Конушников, сухангуи Вазорати дифои Русия низ эълом кард, воҳидҳои зарбатии артиши Сурия, террористҳои дииширо дар шаҳри Маёдин шикаст доданд ва ин шаҳрро комил аз контроли ДИИШ хориҷ карданд ва охирин муқовимати террористҳои диишӣ ҳам дар навоҳии марказӣ ва ҷанубии Маёдин дар ҳам шикаста шуд .

Режими Исроил ва Амрико бо шуруи буҳрони Сурия дар марти 2011, ҳамвора аз террористҳо дар ин кишвар ҳимоят кардаанд.

Туммер Кулер, афсари пизишки лашкари 210 артиши Исроил ахиран эълом кардааст, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ки дар даргириҳои Сурия захмӣ мешаванд, аз тариқи баландиҳои Ҷавлон барои дармон ба арозии ишғолии Фаластин мунтақил мешаванд .

 

Барчасп