Бозгашти оворагон ба хонаҳои худ дар ҷануб ва шимоли Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i24891-Бозгашти_оворагон_ба_хонаҳои_худ_дар_ҷануб_ва_шимоли_Сурия
Раиси маркази русии назорат бар оташбас дар Ҳамимими Сурия аз бохгашти садҳо овораи сурӣ дар ҳафтаи гузашта ба хонаҳои худ дар манотиқи мухталифи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 24, 2017 15:30 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти оворагон ба хонаҳои худ дар ҷануб ва шимоли Сурия

Раиси маркази русии назорат бар оташбас дар Ҳамимими Сурия аз бохгашти садҳо овораи сурӣ дар ҳафтаи гузашта ба хонаҳои худ дар манотиқи мухталифи ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Сергей Кораленко, раиси маркази русии назорат бар оташбас дар Ҳамимими Сурия гуфт, 658 нафар аз оворагони сурӣ ба манотиқи сукунати худ дар устони Рифи Димишқ дар ҷануб ва устони Ҳалаб дар шимоли ин кишвар бозгаштанд .

Кораленко бо ишора ба идомаи ҳамкории Русия бо масъулони маҳаллии Сурия дар манотиқи пурҷамъият барои кумак ба бозгашти оворагон ба хонаҳои худ афзуд: Масъулони русӣ бо намояндагони гурӯҳи террористии Филқалраҳмон низ дар бораи вуруди корвони кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Сурия ва Салиби Сурх дар манотиқи маскунии Ғутаи шарқии Сурия баҳсу табодули назар карданд .

Ҳамчунин Ҳилоли Аҳмари Сурия дар ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, 300 тонна кумаки башардӯстона ба Қомишлӣ дар устони Ҳасака дар шимоли шарқи Сурия ирсол кард .