Ноябр 02, 2017 17:19 Asia/Dushanbe

Эътирофоти ҷанҷолии нахуствазири собиқи Қатар дар бораи ҳамкории Давҳа, Вашингтон, Анкара ва Риёз дар кумак ба террористҳо дар Сурия ва ташбеҳи ин давлатҳо ба ҳайвоноти ваҳшӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарсоз шудааст.

Ҳамад ибни Ҷосим Оли Сонӣ дар мусоҳибае телевизионӣ гуфт: “Мо бо ҳам бар сари шикор низоъ кардем ва шикор аз дасти мо рафт. Ҳол мо нишастаем бар сари он бо ҳам низоъ ме‌кунем”.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳнаҳое аз филмҳои ҳаёти ваҳш ва рафтори ҳайвоноти ваҳширо ба филми суханони Ҳамад ибни Ҷосим монтаж карданд .

Нахуствазири собиқи Қатар дар ин мусоҳиба хитоб ба Риёз гуфт: “Шумо бо мо дар як ҷибҳа будед. Мо низ бо Башшор Асад душманӣ надоштем. Шумо, ки бо мо ҳамсангар будед, мавзеи худро дар бораи рафтани Асад тағйир додед, аммо ин тағйири мавзеъро ба иттилои Давҳа нарасондед”.