Ноябр 18, 2017 21:44 Asia/Dushanbe
  • “New York Times”: Арабистон омили ҷиноёти ҷангӣ дар Яман аст

Рӯзномаи амрикоии “New York Times” дар гузорише навишт, сарони режими Оли Сауд, омили аслии ҷиноёти ҷангӣ дар Яман ҳастанд.

Ин рӯзнома дар гузорише навишт, мамониати режими Оли Сауд аз ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман ва истифодаи ин режим аз қаҳтӣ ба унвони силоҳе дар баробари миллати Яман, ба навъе ҷинояти ҷангӣ аст.

“New York Times” таъкид кард, сад кардани роҳи ирсоли кумакҳои башардӯстона ва қаҳтӣ додан ба як миллат дар ҳалли ҷанг, айни ҷинояти ҷангӣ аст.

Дар гузориши ин рӯзнома тасреҳ шудааст, Арабистон бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки ҷаҳон саранҷом дар баробари ин аъмол бетафовут нахоҳад монд.

Арабистони Саудӣ бо ҳимояти Амрико, аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ин ҳамла то кунун ба кушта шудан беш аз 13 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Ҳамалоти низомии Арабистон, ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва дору мувоҷиҳ кардааст.

 

Барчасп