Ноябр 21, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос изҳороти ВУХ-и Арабистонро маҳкум кард

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) иқдомоти Арабистони Саудиро зиддии ин ҷунбиш маҳкум кард.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Ҳамос шаби душанбе дар баёнияе аз изҳороти ахири Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистон, ки аз Қатар хоста буд, барои кумак ба ниҳоӣ шудани оштии милли Фаластин ба ҳимоят аз Ҳамос поён диҳад, ибрози тааҷҷуб кард. Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ин мавзеи Арабистонро «ғайривоқеъбинона ва ба дур аз ақл» донист. Ҳамос дар ин баёния аз кишварҳои арабӣ хост, аз муборизоти машрӯи миллати Фаластин зидди ишғолгарони саҳюнист ҳимоят кунанд.

 

Барчасп