Марги Абдуллоҳ Солеҳ - тарроҳӣ ё натиҷаи ҳамсӯйи бо Арабистону Аморот?
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури барканоршудаи Яман дар ҳоле рӯзи гузашта, 4 декабр кушта шуд, ки асари Арабистони Саудӣ ва Аморот дар ин иттифоқ дида мешавад.
Абдуллоҳ Солеҳ қурбони балои ногаҳоние шуд, ки Арабистон ва Аморот барои ӯ тарроҳӣ карда буданд. Агарчи Абдуллоҳ Солеҳ тайи се соли гузашта бо Ансоруллоҳ ҳамсӯии тактикӣ дошт, аммо воқеият ин аст, ки на танҳо шахси Абдуллоҳ Солеҳ ҳеҷ гоҳ натавонист худро дар қолаби як шахсияти мустақил тасаввур кунад, балки ҳукумати Оли Саъуд ва ахиран низ Оли Наҳён дар Аморот ҳеҷ гоҳ Абдуллоҳ Солеҳро «ғайрихудӣ» надонистанд.
Дар ин зимн аз чанд марҳалаи фаъолияти Абдуллоҳ Солеҳ мутазаккир шудан ба маврид аст. Марҳалаи аввал, ҳимоят аз Солеҳ дар шаш даври ҷанг бо ҳусиҳо маҳсуб мешавад. Абдуллоҳ Солеҳ дар солҳои 2004 - 2010 шаш бор бо ҳусиҳои Яман ҷанг кард ва дар ин ҷангҳо аз ҳимояту кумаки Арабистон ва Аморот низ бархурдор буд.
Марҳалаи дувум бошад, ба соли 2011 рост меояд. Абдуллоҳ Солеҳ дар соли 2011 низ дар пайи як инфиҷори муҳиб маргро ба чашми худ дид, аммо ба ҳадде барои Ҳукумати Саудӣ арзиш дошт, ки дар Риёз аз ҳама имконот барои табобати ӯ кор гирифта шуд ва Солеҳ бори дигар ба Яман бозгашт ва дар муқобили қиёми мардуми ин кишвар истод.
Марҳалаи сеюм, норизоиятии Солеҳ ҳамзамон бо умедворӣ ба ҳимояти Арабистон ва Аморот аст. Он чӣ сабаби барканории Абдуллоҳ Солеҳ аз қудрат шуд, пофишории мардуми Яман барои эҷоди тағйирот дар сохтори сиёсии ин кишвар буд, ки ҳатто сабаб шуд, ҳама тарҳҳои Арабистон ва Аморот барои нигаҳ доштани Солеҳ дар қудрат бенатиҷа боқӣ бимонад. Абдуллоҳ Солеҳ пас аз барканорӣ аз қудрат, агарчи аз Арабистон ва Аморот ризоят надошт, аммо ҳамвора ин тасаввурро дошт, ки барои бозгашт ба қудрат бори дигар бояд ҳимояти ин ду кишварро ба даст оварад. Аз ин рӯ, иртиботҳои пинҳонӣ миёни Абдуллоҳ Солеҳ ва ҳукуматҳои Риёзу Абудабӣ, ҳатто иртиботҳои ошкор миёни хонаводаи Солеҳ ва ин ҳукуматҳо барқарор буд. Дар ҳамин росто Аҳмад, писари Абдуллоҳ Солеҳ ба унвони сафири Яман дар Абудабӣ мансуб шуд ва сипас низ ба Риёз рафт ва акнун бо марги Абдуллоҳ Солеҳ хабарҳое мабнӣ бар бозгашти Аҳмад аз Риёз ба Яман вуҷуд дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин шароит Муҳаммадалӣ Муҳтадӣ, коршиноси масоили ҷаҳони араб бар ин бовар аст, ки кушта шудани Абдуллоҳ Солеҳ террори Рафиқ Ҳаририро дар соли 2005 ва кушта шудани Муаммар Қаззофиро дар соли 2011 ба ёд меорад, зеро бо тангнои шадиде, ки Абдуллоҳ Солеҳ тайи рӯзҳои ахир дар Яман гирифтор шуда буд, имкони дастгирӣ ва боздошти ӯ вуҷуд дошт. Аз ҳамин рӯ, эҳтимол меравад, ҳамон касоне, ки раисҷумҳури пешини Яманро водор ва таҳрик ба даргирӣ бо нерӯҳои Ансоруллоҳ кардаанд, иқдом ба ҳазфи ӯ низ кардаанд, то ниҳоятан Яман низ монанди Лубнон ва Либия ба ҷанги дохилӣ гирифтор шавад.
Дидгоҳи дигар ин аст, ки ҳатто агар кушта шудани Абдуллоҳ Солеҳ тавассути нерӯҳои вобаста ба Арабистон ва Аморот рух надода бошад, бо ин ҳол, марги ӯ натиҷаи улгӯи рафтори Риёзу Абудабӣ бо Абдуллоҳ Солеҳ аст. Аморот беш аз Арабистон тайи солҳои ахир бо Абдуллоҳ Солеҳ дар иртибот буд, зеро Аҳмад, писари Солеҳ дар гузашта сафири Яман дар Абудабӣ буд ва тайи солҳои ахир низ бо давлати Аморот иртиботи ошкоре дошт. Аморот бо баҳрагирӣ аз ин даричаи иртиботӣ тайи ҳафтаҳои гузашта талош кард, Абдуллоҳ Солеҳро муқобили Ансоруллоҳ қарор дода, фитнаи ҷадиде дар Яман эҷод кунад ва дар муқобил аз писари Солеҳ низ барои расидан ба қудрат ҳимоят кунад. Иштибоҳ дар хулосаи Абудабӣ ин буд, ки тасаввур намекард, Солеҳ бо истиқболи мардум мувоҷеҳ намешавад. Абудабӣ натавонист дарк кунад, ки Абдуллоҳ Солеҳ дар Яман маҳбубияти мардумӣ надорад. Натиҷаи ин иштибоҳ марги Абдуллоҳ Солеҳро рақам зад.
Ҷаъфар Қаннодбошӣ, таҳлилгари ҷаҳони араб муътақид аст, ки Абдуллоҳ Солеҳ пеш аз маргаш тақрибан ба як “муҳраи сӯхта” барои Арабистон табдил шуда буд. Арабистон ва Аморот талош мекунанд, дар кӯтоҳмуддат аз марги Солеҳ барои эҷоди даргирӣ миёни Ҳизби кунгураи мардумию Ансоруллоҳ ва ташдиди ошӯбҳои дохилӣ дар Яман баҳра гиранд.
Дар чунин ҳол, натиҷа ин буда, ки чи Арабистон ва Аморот марги Абдуллоҳ Солеҳро тарроҳӣ карда бошанд ва чи ин ки марги Солеҳ натиҷаи сиёсатҳои иштибоҳи Риёзу Абудабӣ бошад, мардуми Яман аз кушта шудани диктаторе, ки ҳудуди чор даҳа дар ин кишвар зулм кард, хушнуд ҳастанд.