Такзиби кашфи чоҳи ҷадиди Замзам
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i26691-Такзиби_кашфи_чоҳи_ҷадиди_Замзам
Раёсати умури Ҳарамайни Шарифайн дар Арабистон, гузоришҳое ҳокӣ аз кашфи чоҳи ҷадиди Замзам дар Ҳарами Маккаро такзиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 11, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Такзиби кашфи чоҳи ҷадиди Замзам

Раёсати умури Ҳарамайни Шарифайн дар Арабистон, гузоришҳое ҳокӣ аз кашфи чоҳи ҷадиди Замзам дар Ҳарами Маккаро такзиб кард.

Ба гузориши “Спутник”-и арабӣ, раёсати умури Ҳарамайни Шарифайн бо ишора ба интишори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин замина, таъкид кард, ончи дар ин видео нишон дода мешавад, як чоҳи қадимӣ аст, ки дар амалиёти проекти тавсеаи чоҳи кунунии Замзам кашф шудааст ва хабари кашфи чоҳи ҷадиди Замзам дар Макка сиҳат надорад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, видеоеро мунташир карда буданд, ки дар он яке аз коркунони проекти тавсеаи Ҳарами Макка муддаии кашфи чоҳи ҷадиди Замзам шуда буд.

Чоҳи Замзам дар дохили Ҳарами Макка ва дар 20 метрии Хонаи Каъба қарор дорад ва мусулмонони оби ин чоҳро мутабаррик медонанд.