Декабр 22, 2017 17:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Тасвиби қатъномаи Қудс дар Маҷмаи умумӣ пирӯзии ҳақ аст

Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) тасвиби қатънома дар бораи Қудсро дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пирӯзии ҳақ, адолат ва таърих донист.

Ба гузориши ИРНА, Исмоил Ҳания шаби панҷшанбе дар баёнияе дар вокуниш ба тасвиби қатъномаи ҳимоят аз Қудс дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ин қатънома собит кард, ки забони таҳдид дар муқобили қонун фоида надорад ва усули нерӯмандтар аз манофеъ аст. Ба гуфтаи Ҳания, кишварҳое, ки ба қатъномаи Қудс дар Маҷмаи умумӣ раъйи мусбат доданд, хости миллатҳои озодро дар мухолифат бо султаи Амрико ва сиёсатҳои зӯргӯёнаи ин кишвар мунъакис карданд. Раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин аз давлати Амрико хост, бо эҳтиром гузоштан ба иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тасмими зиддифаластинӣ дар бораи Қудс сарфи назар кунад.

Қатъномаи ҳимояти Қудс рӯзи панҷшанбе дар Маҷмаи умумии Созмони Милали муттаҳид бо 128 раъйи мувофиқ, 9 раъй мухолиф ва 35 раъйи мумтанеъ ба тасвиб расид. Бар асоси ин қатънома, Созмони Милали Муттаҳид Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият нахоҳад шинохт.

 

Барчасп