Декабр 30, 2017 20:04 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳе дар Миср Муҳаммад Мурсиро ба 3сол зиндон маҳкум кард

Додгоҳи кайфарии Қоҳира имрӯз (шанбе) Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури пешини Миср ва 18 нафари дигарро ба иттиҳоми тавҳин ба мақомҳои қазоии ин кишвар ва нафратафканӣ, ба се сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал Миср ал Явм”, додгоҳи кайфарии Қоҳира, Муҳаммад Мурсӣ ва 18 тани дигарро ба тавҳин ба додгоҳ ва қозиён аз тариқи интишори матолибе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё мусоҳиба бо бархе шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, муттаҳам карда буд.

Додгоҳи кайфарии Қоҳира ҳамчунин Муҳаммад Мурсиро ба пардохти маблағи як миллион пунд мисрӣ (ҳудуди 56 ҳазор доллар) ба қозӣ Муҳаммад Ал Намр ба ҷурми тавҳин ба вай, маҳкум кард.

додгоҳи кайфарии Қоҳира дар ҳоле ин ҳукмро барои Мурсӣ содир кардааст, ки ҳафтаи гузашта низ парвандае барои салби тобеият аз вай, дар додгоҳҳои ин кишвар ташкил шуд. Дар додхост алайҳи Мурсӣ дар ин парванда омада буд: Муҳаммад Мурсӣ бо созмонҳои террористӣ ҳамкорӣ мекард ва асноди маҳрамонаи низомии Мисрро дар ихтиёри як кишвари хориҷӣ қарор дод, бо ин иқдомот вай, бар асоси ҳукми қатъии додгоҳ, ҷосус ба шумор меравад ва шоистагии доштани тобеияти мисриро надорад, зеро манофеи олии кишварро дар маърази хатар қарор додааст.

Акнун маҷмуи аҳкоми қатъии содира алайҳи Мурсӣ дар парвандаҳои мухталиф ба 48 сол зиндон мерасад ва бар асоси парвандаи мавсум ба ҳаводиси Кохи раёсатҷумҳури “Ал Иттҳодияи Миср”, Мурсӣ хиёнаткор маҳсуб мешавад.