Январ 07, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мутаҷовизони Саудӣ ба як бозор дар шимоли Яман

Ҷангандаҳои Саудӣ дар идомаи ҳамалоти худ ба манотиқи мухталифи Яман, як бозорро дар устони Саъда (шимоли Яман) бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи телевизиони “Ал Амаёдин”-и Лубнон, дар ҳамла шуморе аз ғайри низомиён, аз ҷумла чанд кӯдак маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамалоти ҷангандаҳои Арабистон ба устони Саъда, дирӯз (шанбе) ҳам идома дошт, ки ба кушта шудани шуморе аз ғайри низомиён мунҷар шуд.

Дар ҳамин ҳол, неруҳои яманӣ дар вокуниш ба таҷовузи ваҳшиёнаи саудиҳо, дар ду минтақаи Ҷизон ва Асир дар ҷануби Арабистон, зарботи мӯҳлике ба низомиёни саудӣ ва муздурони онҳо ворид карданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрики, Иморот ва чанд кишвари дигар, аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва ҳамзамон ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман илова барои ин ки боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар шуда, миллионҳо яманиро низ овора кардааст.

Хабари дигар аз Яман ин ки Содиқ Абу Рос, муовини Ҳизби конгресси мардумии Яман, дар нишасте ҷонишини Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси пешини ин ҳизб шуд.  Абу Рос гуфт, ин ҳизб барои муқобила бо душманон, дар канори миллати Яман мемонад.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси пешини Ҳизби конгресси мардумии Яман, авоили декабри 2017 пас аз хиёнат ба Ҷунбиши Ансоруллоҳ ва пайвастан ба сафҳои душманони миллати Яман, ҳангоми фирор ба Иморот кушта шуд.

 

Барчасп