Январ 07, 2018 19:54 Asia/Dushanbe
  • Кашфи силоҳ ва таҷҳизоти мутааллиқ ба Арабистон дар Ироқ

Неруҳои Басиҷи мардумии Ироқ аз кашфи силоҳ ва таҷҳизоти мутааллиқ ба Арабистон, дар устони Салоҳиддин (шимоли Ироқ ) хабар дод.

Ба гузориши телевизиони “Ал Олам”, Басиҷи мардумии Ироқ дар ин амалиёт се контенер муҳиммоти ҳовии гулӯлаҳои сангин ва маводи мунфаҷира мутааллиқ ба Арабистон кашф кардааст.

Ҳамчунин чаҳор худрав бо шумораи Саудӣ низ дар анбори террористҳо ба ғанимат гирифта шудааст. Ин муҳиммот ва таҷҳизот дар устони Салоҳиддин ба даст омадааст.

Қосим Ал Аъраҷӣ, вазири кишвари Ироқ низ рӯзи шанбе аз кашфу забти миқдоре силоҳ ва муҳиммот дар шарқи Бағдод, пойтахти ин кишвар хабар дода буд.

Калашников, туфанги шикорӣ, норинҷак ва силоҳи камарӣ, аз ҷумла силоҳҳои кашф шуда дар Бағдод буд.

 

Барчасп