Вабо кам буд, дифтерия ҳам ба дарди яманиҳо изофа шуд
Яманиҳо, ки дар моҳҳои ахир бо бемории вабо даст ба гиребон будаанд, акнун бояд бо бемории дифтерия низ дасту панҷа нарм кунанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, дастикам 500 яманӣ токунун дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба дифтерия мубтало шудаанд, ки 48 нафар аз онон ҷони худро аз даст додаанд.
Дифтерия бемории уфунӣ, бисёр вогирадор ва кушандааст, ки дастгоҳи танаффуси инсонро дучори мушкил мекунад.
Аз аворизи ин беморӣ гулудард, таб, сурфа, ва гирифтагии садост ва дар сурати вахим шудан, нороҳатиҳои қалбӣ, гурдаӣ, фалаҷи дасту по ва ниҳоят маргро муҷиб мешавад.
Бо идомаи ҳамалоти Арабистон ба Яман ва вайронии таъсисоти зербинои ин кишвар ба вижа шабакаи обрасонӣ, бемории вабо низ ба суръат дар ҳоли густариш дар ин кишвар аст ба тавре, ки токунун беш аз ду ҳазору 200 яманӣ бар асари ибтило ба вабо ҷони худро аз даст додаанд.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин эълом кард, Яман бо бадтарин шароити инсонӣ дар ҷаҳон рӯ ба рӯст ва ҳашт миллион яманӣ дар маърази қаҳтӣ қарор доранд.