Расвоии таърихии Арабистон ва Ғарб дар ҷанги Яман
Як коршиноси масоили сиёсӣ, ҳамлаи режими Саудӣ ба Яманро яке аз расвотарин ҷангҳои ҷаҳон тавсиф кард.
Pino Cabras, коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, ҳамлаи режими Саудӣ ба Яман, аз расвотарин ҷангҳои дунё аст, зеро алайҳи мардуми ин кишвар аз бераҳмонатарин силоҳҳо истифода ва бо бомбаборонҳои беравия, дард ва ранҷи мардуми бедифои Яман рӯзафзун мешавад.
Вай афзуд, кишварҳои аврупоӣ ва низ Амрико, силоҳ ва муҳиммоти Арабистонро дар ҷанги алайҳи мардуми Яман таъмин мекунанд.
Амрико, Бритониё, Фаронса ва Олмон бузургтарин кишварҳои содиркунандаи силоҳ ба Арабистон ҳастанд.
Аз замони оғози ҳамалоти Арабистон ба Яман дар марти 2015, Бритониё ба арзиши се миллиарду 300 миллион фунт, муҷаввизи фурӯши таслиҳот ба Арабистон содир кардааст.