Саудиҳо омили ҷонгудозтарин буҳрони инсонии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i28471-Саудиҳо_омили_ҷонгудозтарин_буҳрони_инсонии_ҷаҳон
Мудири бахши Ховармиёна ва шимоли Африқои Сандуқи кудакони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфт: Ҷанги Яман ки аввалин қурбониёни он кудакон ҳастанд, то кунун ҷони панҷ ҳазор кудакро гирифта аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Саудиҳо омили ҷонгудозтарин буҳрони инсонии ҷаҳон

Мудири бахши Ховармиёна ва шимоли Африқои Сандуқи кудакони миллали муттаҳид (ЮНИСЕФ) гуфт: Ҷанги Яман ки аввалин қурбониёни он кудакон ҳастанд, то кунун ҷони панҷ ҳазор кудакро гирифта аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА,  Геерт Каппиларе(Geert Cappelaere), ки аз Дафтари минтақаии ЮНИСЕФ дар Амон-пойтахти Урдун сухан мегуфт таъкид кард: Рӯзона беш аз 130 кудаки яманӣ бар асари гуруснагӣ ё бемории тулонии бархоста аз ҷанг мемиранд.

Созмони миллали муттаҳид эълом кард: 20 миллион яманӣ аз ҷумла 11 миллион кудаки ин кишвар ниёзманди кӯмакҳои фаврии башардӯстона ҳастанд ва буҳрони ин кишвар дардноктарин буҳрони инсонӣ дар ҷаҳон аст.

Бар асоси баёнияи муштараки Барномаи ҷаҳонии ғизо, ЮНИСЕФ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ 150 ҳазор кудаки яманӣ дучори сӯи тағзия ҳастанд ки имкони ҷон бохтани онҳо дар моҳи оянда дур аз интизор нест.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Англия ва режими саҳюнистӣ аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва ҳамзамон ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.