Август 24, 2016 17:45 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои артиши Арабистон ба Яман

Дар идомаи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман, шумори дигаре аз яманиҳо кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ҳавопаймоҳои ҷангии режими Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе дар идомаи ҷиноятҳои худ зидди мардуми бедифои Яман, пули миёни манотиқи ас-Сада ва ан-Нодара дар вилояти Иби Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари он чанд ғайринизомии яманӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар, ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Арабистон бемористони ал-Маҷд, воқеъ дар минтақа ал-Мастабо дар вилояти Ҳаҷҷа дар ғарби Яманро бомбаборон карданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Арабистон пештар низ бемористонеро дар минтақаи Абас дар вилояти Ҳаҷҷа ҳадаф қарор доданд, ки бар асари он ҳудуди 25 нафар кушта ва чиҳил нафар захмӣ шуданд.

Саудиҳо пас аз зарбае, ки баъди ташкили шӯрои олии сиёсӣ дар Яман хӯрданд, ҳамлаҳои худ ба мардуми бедифои ин кишварро бештар карданд.

Арабистон бо ҳамкории баъзе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳамроҳии Амрико аз 26 марти 2015 ҳамлаҳои густурдаеро ба Яман оғоз кардааст, ки бар асари ин ҳамлаҳо ҳазорон яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

 

Барчасп