Январ 26, 2018 21:17 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати дубораи Шӯрои амният бо интиқоли сафорати Амрико ба Қудс

Дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бори дигар бар мухолифати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо интиқоли сафорати Амрико ба Қудс таъкид шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Пресс” ТВ, ширкаткунандагон дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи авзои Ховари Миёна дар бораи тасмими Амрико барои интиқоли сафораташ аз Телавив ба Қудс ибрози нигаронӣ карданд. Дар ин нишаст ҳамчунин дар бораи тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои қатъи кумакҳо ба UNRWA, ниҳоди ҳомии оворагони фаластинии таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар Фаластин гуфтугӯ шуд. Дар ин нишаст Исҳоқ оли Ҳабиб, намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳастаи ҳамаи муноқишоти минтақа аз ишғоли Фаластин ба дасти режими Исроил сарчашма мегирад ва беадолатӣ аз ҳафт даҳа то кунун дар натиҷаи сиёсатҳои тавсеаталбонаи режими Исроил дар бораи фаластиниён ва минтақа ташдид шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри соли гузашта бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ эълом кард, Вашингтон Қудсро ба унвони пойтахти режими Исроил ба расмият мешиносад. Ба дунболи он Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномае тасвиб кард, ки Қудс ба унвони пойтахти режими Исроил шинохта нахоҳад шуд.

 

Барчасп