Тазоҳуроти сокинони Тел-Авив алайҳи фасоди кобинаи Нетаняҳу
(last modified Sun, 04 Feb 2018 12:45:46 GMT )
Феврал 04, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти сокинони Тел-Авив алайҳи фасоди кобинаи Нетаняҳу

Ҳазорон нафар аз сокинини Тел-Авив барои нуҳумин ҳафтаи паёпаӣ алайҳи фасоди давлатии кобинаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тазоҳуркунандагони саҳюнист рӯзи шанбе бо ҳамли плакатҳое хостори истеъфои Нетаняҳу аз симмати нахуствазир ва тамоми аъзои фосиди кобинаи ӯ шуданд.

Ҳааретс навишт, садҳо муътаризи исроилӣ дар шаҳрҳои дигари сарзаминҳои ишғолӣ ҳамонанди Ҳайфа ва Афула низ дар эътироз ба фасоди молии Нетаняҳу тазоҳурот карданд.

Бенямин Нетаняҳу чанд ҳафта қабл дар иртибот бо се парвандаи фасоди молӣ, дарёфти ришва ва сӯиистифода аз қудрат, барои ҳафтумун бор мавриди бозҷуии полис қарор гирифт .

Муҳимтарин парвандаи фасоди молӣ, ки дар бораи Нетаняҳу матраҳ мешавад, дарёфти як миллион доллар аз Арнавд Мимран, муфассиди иқтисодии фаронсавӣ аст, ки гуфта мешавад, барои таблиғоти нахуствазирии Нетаняҳу ҳазина шудааст .

Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба иллати хариди се фарванд зердарёӣ аз Олмон ҳам ба арзиши беш аз як миллиард доллар мавриди бозҷуӣ қарор гирифтааст .