Ҳааретз: Гуруҳи хабиси Нетаняҳу исроилиёнро равонӣ мекунад ва боиси офатҳои бештар мегардад
(last modified 2024-10-14T08:31:52+00:00 )
Октябр 14, 2024 13:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳааретз: Гуруҳи хабиси Нетаняҳу исроилиёнро равонӣ мекунад ва боиси офатҳои бештар мегардад
    Ҳааретз: Гуруҳи хабиси Нетаняҳу исроилиёнро равонӣ мекунад ва боиси офатҳои бештар мегардад

Порс тудеӣ- матбуоти ибрӣ дар бораи вазъи ноороми равонии саҳюнистҳо дар сояи ҷангҳои феълӣ, ки режими Исроил оғоз кардааст, гузориш додааст.

Рузномаи ибронии "Ҳааретз" дар мақолае, ки нависандаи маъруфи саҳюнист Бариел навиштааст, вазъи вахими равонии саҳюнистҳоро таҳқиқ кардааст. Ба гузориши Порс тудеӣ, “Ҳааретз” дар ин матлаб гуфтааст, ки ҳама исроилиён 5 марҳилаи зарбаи равониро пасисар кардаанд ва як гурӯҳи шарур таҳти сарварии Нетаняҳу Исроилро ба офатҳои бештар мебарад.

Дар ин мақола бо истинод ба назарияи равоншиноси амрикоӣ ва швейтсарӣ Элизабет Коблер Росс, Тсви Бареил дар бораи панҷ марҳилаи осеби равонӣ менависад: Инсон ҳангоми дучоршудан бо фоҷиа 5 марҳилаи зарбаи равониро аз сар мегузаронад, ки марҳилаҳои инкор, хашм, кушиши фирор аз воқеият, афсурдагӣ ва сипас қабули воқеият.

Бар асоси ин гузориш, тайи як соли ахир ҷомеъаи ғамзадаи Исроил ин марҳалаҳои зарбаи равониро аз сар мегузаронад ва вориди марҳилаи қабули воқеият шудааст, ки хатарноктарин марҳала маҳсуб мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки исроилиён бояд ба зиндагии бесарусомоние, ки доранд, одат кунанд ва мунтазири бозгашти зиндониёни исроилӣ аз Ғаззаро бас набошанд.

Дар поёни ин матлаб омадааст: Ҷиноятҳои ҳокимони Исроил, ки мунҷар ба фоҷеъаи Туфони Ал-Ақсо дар 7 октиябри соли 2023 шуд ҳамон чизе аст, ки онҳоро қодир месозад фоҷеъаҳои бештареро барои Исроил рақам бизананд.

Барчасп